Бозгашт ба саҳифаи асосӣ

КИШВАРИ НУРУ САОДАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! (2411)

Кишвари нуру саодат, Тоҷикистон, зинда бод!
Пешвои боадолат, зеби даврон, зинда бод!
Ин ҳама ободиҳо аз баҳри халқу миллат аст,
Тоҷикистон, доимо бо нури Раҳмон, зинда бод!
Нури истиқлоли давлат ваҳдати миллат бувад,
Дар садоқат бар Ватан Вахшу Бадахшон, зинда бод!
Ваҳдати мо гул кунад аз рамзи Кӯлобу Ҳисор,
Дар табиат гулшану Рашту Зарафшон, зинда бод!
Гардад обод ин Ватан - рушди саноат дар назар,
Дар муҳаббат ҳам рафоқат Суғду Хатлон, зинда бод!
Асли давлатдории мо давлати Сомониён,
Ифтихори миллати, мо даври Сомон, зинда бод!

24.02.2021

АДЛИ ПЕШВОИ ЗАМОН ШУКРОНАИ ДАВРОНИ МО (2747)

Адли Пешвои замон шукронаи даврони мо,
Шукри шоҳи додгар Эмомалӣ Раҳмони мо.
Шукри истиқлоли давлат, Парчами миллат баланд,
Ифтихори миллату Исмоили Сомони мо.
Шукри оромии миллат, адли Сарвар дар назар,
Дар масири зиндагӣ шукронаи Раҳмони мо.
Худ навозишҳо кунад аз баҳри муҳтоҷу ятим,
Шукри раҳми Пешво, шукронаи даврони мо.
Марзу буми Тоҷикистон, Рамзи давлат ҳам Нишон,
Хоки поки Тоҷикистон сурмаи чашмони мо.
Шукри халқи Тоҷикистон, шукри хоки ин Ватан,
Шукри адли Пешво Эмомалӣ Раҳмони мо.

14.02.2022

ТИНАТИ ГУЛҲОИ РАНГИН ДАР ГУЛОБ АФТОДААСТ (1865)

Тинати гулҳои рангин дар гулоб афтодааст,
Раҳмати дилҳои сангин бениқоб афтодааст.
Мушку анбар гар ту дидӣ дар гулобе ё ниқоб,
Қимати гулҳои мушкин беҳисоб афтодааст.
Боданӯшӣ, бангу афюн сад ҷунун орад ба ту,
Иллати ин номи нангин дар шароб афтодааст.
Лаззати об ар бидонӣ, шӯру талхӣ рамзи баҳр,
Қисмати дарёи ширин аз саҳоб афтодааст.
Бо шаҳомат чуғзу лочин дӯрӣ ҷӯяд худ ба худ,
Ғафлати авлоди Одам чун сароб афтодааст.
Номаи девон чу омад нақши дунёро бубин,
Давлати дунёи рангин дар китоб афтодааст.
Вақти оромӣ ба нармӣ ту дуо кун, эй Ҳусайн,
Фурсати наҷвои омин мустаҷоб афтодааст.

08.03.2020

ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД (3880)

Қиссаи таърихи омад баҳри миллат дар Хуҷанд,
Иди Наврӯз бо бузургон зикри он шуд дилписанд.
Ҷашни Наврӯз қутбнамоу Тоҷикистон муқтадо,
Пешвои миллати мо бо садоқат раҳнамо.
Раҳбари қирғизу узбек Содиру ҳам Мирзиё,
Миизбон олимақом Эмомалӣ Раҳмони мо.
Сулҳу дӯсти байни се халқ муҷдаҳо бар мо расид,
Ҷовидон Эъломия бар мардуми дунё расид.
Дар Хуҷанд Эъломия имзо бишуд дар иттиҳод,
Халқ бигуфто ваҳдати мо бо муҳаббат зинда бод!
Раҳбари се мамлакат болои сар парчам буд,
Шуд муайян бо адолат бе хато хатти ҳудуд.
Баҳри миллат ин санадҳо армуғони бо бақо,
Дар Хуҷанд имзо бикарданд дӯстони бо вафо.
Тоҷику ӯзбеку қирғиз чун бародар дар яқин,
Роҳи дӯстиро бидонад ҳар,ки бошад нек бин.
Қалъаи шаҳри Хуҷанд тобанда шуд чун офтоб,
Нури имзо васфи он поянда монад дар китод.
Ҷашни Наврӯз бо сафо машҳӯр гашта дар ҷаҳон,
Дар Хуҷанди бостон Эъломия шуд ҷовидон.
Аҳду паймону садоқат дар миёни дӯстон,
То абад поянда бошад ҳамчу роҳи Каҳкашон.
Ту таманно кун Ҳусайно баҳри мардум иттиҳод,
Рамзи ободӣ расонад халқи моро бар мурод.

17.06.2025 10:13

ТОҶИКИСТОН МЕҲАНИ МАН, ТАХТИ СУЛТОНИ МАН АСТ (1775)

Тоҷикистон меҳани ман, тахти султони ман аст,
Ёдгоре аз асолат, мулки Сомони ман аст.
Миллати тоҷик ба олам шуҳраташ поянда шуд,
Илму ирфону муҳаббат роҳи кайҳони ман аст.
Роҳи кайҳон илми миллат, воҷаҳои суғдиён,
Маънии рамзи ҳаёташ роҳи осони ман аст.
Дастрас бошад ба неъмат, қатраҳо ояд ба даст,
Ҳикматаш андар назарҳо рӯзи борони ман аст.
Шодбошиҳо бигӯям халқу миллат дар назар,
Дар раҳи меҳру садоқат гул ба домони ман аст.
Дар ҳикоятҳои мардум назми ту мавзун, Ҳусайн,
Васфи меҳанро бигӯ, ки назми бурҳони ман аст.

20.01.2020

АЗ ДИЛАМ ИЛҲОМ ҲАМЧУН ОФТОБ ОМАД БУРУН (1851)

Аз дилам илҳом ҳамчун офтоб омад бурун,
Равшанӣ аз зери дарё бениқоб омад бурун.
Шуд мунаввар рӯи олам дар назар бо ҳар ғазал,
Назди Шайхи Маслиҳатдин моҳтоб омад бурун.
Фарқи назмамро бубинӣ бо мақом оҳанги худ,
Баҳри ҳар хунёгаре чангу рубоб омад бурун.
Кашфи асрори ғазалро баҳри ғофил гӯ, Ҳусайн,
Аз гулистон бе гуле, бо чашми хоб омад бурун.
Баҳри доноён бигӯ, ки ин дилам сад пора шуд,
Аз вуҷудам сӯзиши бӯи кабоб омад бурун.
Аз барои нафъи миллат хок бошам дар замин,
Шамси тобон нурбахшо аз саҳоб омад бурун.

01.03.2020

ШОИРИ СОҲИББАЁН ЗАР АЗ ЗАРАФШОН МЕКАШАД (2147)

Шоири соҳиббаён зар аз Зарафшон мекашад,
Ранги маъниро зи гул бо нури чашмон мекашад.
Соҳиби иззат бигардад бо баёни роҳи ҳақ,
Ҳарфи маъниро зи дил бо қуввати ҷон мекашад.
Гар ту дидӣ шоиреро даъваташ бар маъсият,
Ранҷу кулфатро мудом дар роҳи шайтон мекашад.
Дар сухан ҳар шоире н-орад ба мардум мушкилӣ,
Ҳарфи худро аз дилаш бо роҳи осон мекашад.
Корвони аҳли ҳикмат дар сафар бошад мудом,
Ихтилофе гар расад, реги биёбон мекашад.
Ҳар кӣ хонад бо муҳаббат нуктаи ҳарфи Ҳусайн,
Хатти худро дар бинои мулки сомон мекашад.

04.09.2020

АЗ ҶАҲОН БО САД РИВОЯТ ОДАМУ ҲАВВО ГУЗАШТ (1744)

Аз ҷаҳон бо сад ривоят Одаму Ҳавво гузашт,
Дар ҳаводис бемуаммо Нуҳу ҳам Мӯсо гузашт.
Қиссаи Айюби Собир ибрати аҳли хирад,
Бо ҷаҳолат ту магӯ, ки Юсуфи зебо гузашт.
Сарвату молат зиёд аст, баҳравар кун миллатат,
Зубдаи амволи худ бин, Акбари доро гузашт.
Зиндагӣ дар рӯи олам бо бузургон беҳтар аст,
Қадри оламро бидонад он, ки аз дунё гузашт.
Бо тасаввур сатҳи баҳре дар ғазал гӯяд Ҳусайн,
Дар назар айёми умрам мисли як дарё гузашт.
Гарчи парвозе бикардӣ мисли шоҳин дар ҳаво,
Қадри парвона бидон, ки Аҳмади доно гузашт.

16.12.2019

ШУКРИ ҲАҚ, ИН УМРИ МАН ДАР КИШВАРИ ЗЕБО ГУЗАШТ (1149)

Шукри Ҳақ, ин умри ман дар кишвари зебо гузашт,
Дар Хуҷанди бостон домони Сирдарё гузашт.
Бо суруру шодмониҳо гузашт ин умри ман,
Дар ривоятҳои худ чун Вомиқу Узро гузашт.
Байни мардум хидмати дин бо тариқи назму наср,
Дар ақида солиму дар роҳи он Якто гузашт.
Дар маҷолис ҳамнишини аҳли илму ҳам адаб,
Беҳтарин айёми ман дар назди сад доно гузашт.
Ман намегӯям, ки умрам орӣ аст аз ноқисот,
Шукри даврон мекунам дорову нодоро гузашт.
Бар лаби баҳре бирав, бо худ бигӯ, Ҳоҷӣ Ҳусайн,
Умри ман андар масал монанди як дарё гузашт.

04.09.2018

ДИЛУ ДИНИ МУСУЛМОНӢ ЗИ БОЗОРЕ НАМЕЁБАМ (605)

Дилу дини мусулмонӣ зи бозоре намеёбам,
Давоми назми ирфонӣ зи гуфторе намеёбам.
Дар ин бозори пурғавғо гурезонам ман аз савдо,
Ба амволи ҳакимона харидоре намеёбам.
Мақоми ҷаҳлу нодонӣ ба подорӣ намеарзад,
Ҳар он чӣ дидаам дар хоб, ба бедорӣ намеёбам.
Ҳама мадҳушу нодонӣ зи исёни Банӣ Одам,
Кунун роҳи пушаймонӣ зи ҳушёре намеёбам.
Гиёҳе дар замин рӯяд, нагӯям он гули Марям,
Гули насрини Мавлоро зи гулзоре намеёбам.
Ҳусайно, ту бигӯ Ҳақро, камарбандӣ адоват нест,
Ҳидоятҳои Исоро зи зунноре намеёбам.

12.07.2017

МЕҲРУБОНИ ҶОВИДОН ДАР ИН ҶАҲОН БОШАД ПАДАР (997)

Меҳрубони ҷовидон дар ин ҷаҳон бошад падар,
Баҳри фарзандони худ ҳам соябон бошад падар.
Рӯзу шаб бо сӯзи дил ғамхори фарзандони худ,
Аз сафар ҳар гаҳ чу ойӣ, дар амон бошад падар.
Бадзабониҳо макун дар назди ӯ гоҳи сухан,
Чун гудози шуълаҳо оташфишон бошад падар.
Аз ту н-ояд гар хамӯшӣ лаҳзаи қаҳру ғазаб,
Оташе шуд ҷилвагар, оташнишон бошад падар.
Гар падар амре кунад, фармудааш воҷиб бувад,
Дар дилат поянда дор, то ҷовидон бошад падар.
Баҳри фарзандон бигӯ бо як ишорат, эй Ҳусайн,
Бо дуои мустаҷоб дар ҳар макон бошад падар.

23.05.2018

АНДАР ИН ДУНЁ ТУ БУДӢ МЕҲРУБОНАМ, МОДАРАМ (13)

Андар ин дунё ту будӣ меҳрубонам, модарам,
Офтоби зиндагӣ, партавфишонам, модарам!
Навҷавониям гузашт андар паноҳи меҳри ту,
Дар тариқи даъвати Ҳақ комронам, модарам!
Ҳеч кас чун ту набуд ғамхори фарзандони ман,
Меҳри ту то ҳол нури хонадонам, модарам!
Интизори роҳи ман будӣ ту ҳар шому саҳар,
Раҳнамову раҳбару ҳам роҳбонам, модарам!
Меҳрубонию дуоят ҷовидон ҳамроҳи ман,
Марқадат обод, эй ҷаннатмаконам, модарам!
Эй Худо, мепурсам аз ту: Шод гардон рӯҳи ӯ,
То дами охир, Ҳусайно, гӯ: «Ҷаҳонам, модарам!»

09.03.2016

ДОДАРУ ХОҲАР ҲАМА ДАР АСЛ АЗ ЯК ГАВҲАРАНД (190)

Додару хоҳар ҳама дар асл аз як гавҳаранд,
Ифтихори волидайни гулбару гулпарваранд.
Ҷавҳари аҷдод дар ҳастии авлод озмуд,
Байни абнои падар симои асли мазҳаранд.
Волидон хоҳанд доим байни фарзандони хеш,
Меҳру шафқат чун зару бошад, ки онон заргаранд.
Хонаи танги падар бошад, набошад мушкиле,
Ҳар замон чун тифлаке ғамхори раҳми модаранд.
Хоҳару додар ҳама мастури айби якдигар,
Норизогӣбайни онон ғуссаи баҳру баранд.
Бо бародар қадрдонӣ кун, Ҳусайн имрӯзу пас,
Молу дунё бевафо, фармудаи Пайғамбаранд!

03.06.2016

ҲИКМАТИ АСРОРИ МАН ДАР ҲАР КИТОБ ОМАД БА ЧОП (2348)

Ҳикмати асрори ман дар ҳар китоб омад ба чоп,
Фурсати гуфтори ман беинтихоб омад ба чоп.
Гар расад аз мардумон ҳар як суоле баҳри ман,
Қимати иқрори ман баҳри ҷавоб омад ба чоп.
Дар радифи назму насрам қиссаи дарёву баҳр,
Иллати озори ман «моҳӣ зи об» омад ба чоп.
Назди ҳар соҳибдиле тадвини насрам дар назар,
Сӯҳбату афкори ман худ беҳисоб омад ба чоп.
Бар қалам он ҳарчӣ омад шукри неъмат мекунам,
Нузҳати дилдори ман савти рубоб омад ба чоп.
Ташнаеро гар ту дидӣ худ бигӯ, Ҳоҷӣ Ҳусайн,
Қисмати осори ман назми пуроб омад ба чоп.

23.01.2021

ҲАЁТ ИН ХОБУ БЕДОРӢ, ВАРО ТАЪБИР МЕБОЯД (3297)

Ҳаёт ин хобу бедорӣ, варо таъбир мебояд,
Куҷо як хонаи исён дари таъмир мебояд.
Ба чашми ибрате бингар ҳама асрори оламро,
Расидан ба ҳадаф хоҳӣ, туро тадбир мебояд.
Раҳо кун қайди назми худ насиҳат сар занад рӯзе,
Хатое гар шавад пайдо, хати таҳрир мебояд.
Хушунатҳои ин мардум хатову ҳам хатар дорад.
Ҷиноят гар шавад пайдо, ба по занҷир мебояд.
Биҷӯ ту роҳи осоне, налағҷад пои ту бар гил,
Ҳар он чӣ мушкиле орад, раҳи тағйир мебояд.
Балоғат ҳам фасоҳатро, Ҳусайно, дар ғазал гуфтӣ,
Гаҳе шарҳу гаҳе таҳсин, гаҳе тафсир мебояд.

01.06.2023.

БА ЧАШМИ ВОМИҚИ ШАЙДО ЧУ УЗРО ЁР КАМ ДАР КАМ (1531)

Ба чашми Вомиқи шайдо чу Узро ёр кам дар кам,
Ба назди Айюби собир чу ғамбардор кам дар кам.
Нишони Яъқубӣ унвон ба роҳаш мунтазир ҳар дам,
Чу Маҷнун дар раҳи Лайло талабдидор кам дар кам.
Саодатро ту гар пурсӣ ҳама мафтуни роёна,
Дар ин айёми илму фан китобосор кам дар кам.
Сайиде гар кунад даъво, нигар бар гардиши айём,
Ки аслаш дар раҳи хобу насаббедор кам дар кам.
Ба чашми ибрате бингар ба мисли Рӯдакӣ, Хайём,
Ба роҳи илму ирфоне аламбардор кам дар кам.
Зи насри ҳикмати миллат, Ҳусайно, назми маънӣ кун,
Ба қавли Мавлавии Балх ин гуфтор кам дар кам.

07.08.2019.

БО ДАСТИ АСО ДАВЛАТИ АҲРОР ҒАНИМАТ (1340)

Бо дасти асо давлати Аҳрор ғанимат,
Аз баҳри висол ин ҳама дидор ғанимат.
Ҳайф аст агар умр ба беҳуда фурӯшем,
Дар байъу широ арзиши бозор ғанимат.
Ҳар хоби гарон додари марг аст, бидонед,
Эй бехабарон, дидаи бедор ғанимат.
Раҳбар, ки шудӣ сайд машав бар ҳама сайёд,
Дар вақти хатар пуштаи ҳамвор ғанимат.
Андешаи сардорӣ надорӣ чу ту, бингар,
Дар ҳофизаат хотири аброр ғанимат.
Бо дасти қалам сайд бикардӣ ту, Ҳусайно,
Аз баҳри дуо ҷойи сазовор ғанимат.

02.03.2019.